Бовар ба 260 ҳазор имзо. Нодида ва носанҷида?

Ҳизби коммунисти Тоҷикистон бо имзои беш аз 260.000 интихобкунанда иҷоза пайдо кард,ки номзади худро вориди користони интихобот кунад.Ҳамакнун номи Мироҷ Абдуллоев, раис ва номзади ин ҳизб барои мақоми раёсати ҷумҳурӣ дар қатори номзадҳо аз аҳзоби ислоҳоти иқтисодӣ, кишоварзӣ,сосиалистӣ ва ҳизби халқи демократӣ дар баргаи райдиҳӣ ба унвони довталаб навишта мешавад.

Ин ҳизб, ки куҳантарин созмони сиёсии Тоҷикистон мебошад, давоми солҳои ахир камфаъолият буд ва Анҷумани қабл аз интихоботиашро ҳам аз ҳама ахир -рӯзи 5 сентябр ва бо шумораи камтари вакилон-55 нафар, доир кард.Аз ин ҷост ки дар як фурсати ниҳоят тангу маҳдуд,ҳамагӣ 4(чаҳор) рӯз гирдоварии имзои беш аз 260.000 интихобкунанда аз сӯи ин ҳизб як навъ шакку гумонҳоеро метавонад ба бор оварад.Бо ин назар наметавон мутмаин буд,ки аҳзоби дигари ба ғайри халқӣ-демократӣ имзои тарафдорони худро бидуни мусоидат ва ёрӣ ба даст оварда бошанд.Агар интихоботи ахири парлумонии моҳи марти соли ҷориро ҳам маҳак қарор бидиҳем,танҳо Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон буд,ки бо касби раъйи бештари интихобкунанда комёб шуд,ки дар парлумон ҷиноҳи худро таъсис бидиҳад. Аммо ҳоло рӯи суханамон ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва дар як фурсати танг гирдоварии имзоҳо аз тарафи ҲКТ аст.

ҲКТ Анҷумани худро рӯзи 5 сентябр доир кард.Табъан, ки асноди онро дар ихтиёри Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон бигзошт, то баъди мутолаа ва исботи баргузории Анҷуман барояшон варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бидиҳад. Барои ин кор ҳатмани ҳатман рӯзи 5 ва шоядам то нимарӯзи 6 сентябр сипарӣ мешавад. Ба муҷарради дарёфти варақаҳо барои ҷамъоварии имзо бо суръат ва шитоб мераванд ба ҳукуматҳои шаҳру навоҳии кишвар,то имзову мӯҳри онҳоро дар ин варақҳо бигиранд. Барои ин кор гурӯҳи ташаббускор ва масъулони ҳизб сафарбар мешаванд,ки замон мебарад. Дар идораи ҳукумати ноҳияву шаҳр навбат меистанд ва дар инҷо ҳам вақт якҷо намеистад,мегузарад. Як рӯз набошад ҳам ним рӯз барои ин кор сипарӣ мешавад.Ҳамин тавр омад рӯзи 7 сентябр.Гурӯҳи ташаббускор ва шояд бо кӯмаки ихтиёриён аз шумори ҳаводорони ҲКТ дар саросари кишвар мустақим назди мардум,ба манзили зист, кӯчаҳо,бозорҳо,корхонаҳо,мактабҳои ҳамагонӣ,коллеҷҳо ва донишгоҳҳо мераванд,ки имзоҳоро бигиранд.Барои ин кор сахт аҷалаву шитоб кунанд ҳам на танҳо фурсат,ҳамчунин пулу мошин ҳам лозим меояд. Дар шаҳрҳои пурҷамъияти Душанбе,Хуҷанд, Кулоб ва Бохтар ҳам бояд,ки мошин савор шавӣ ва аз маҳалле ба маҳалле биравӣ.Вале рустоҳо,ки аксарияти интихобкунанда зиндагӣ мекунанд,боз махсусиятҳои худро дорад,ки вақту фурсати зиёд металабад.Вақте аз маркази ноҳияҳои Рӯшон, Ишкошим,Мурғоб ва ё Исфараву Мастчоҳи Куҳӣ ва Айниву Панҷакент ва ё Муминободу Ховалинг,ё ки Лахшу Рашт то деҳаҳои онҳо меравӣ,боястӣ хеле роҳҳо тай ва мошин киро карда шавад.Чунки варақаҳои ҷамъоварии имзоҳоро бояд раисони мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллӣ имзо ва мӯҳр монанд ва сипас иҷоза аст ки имзо ҷамъоварӣ кунед. Баъдан аз деҳаҳо то ба марказ оварда дар якҷо ҷамъ карда ва аз онҷо ба қароргоҳи ҲКТ овардан низ вақти зиёдеро мегирад,ки як рӯз кифоят намекунад. Ин ҳама фурсат мехоҳад ва маблағ.Барои ташкили гурӯҳҳои ташаббускор ва ё ихтиёриёне, ки ҳозиранд барои ҲКТ кӯмак кунанд,низ вақти кам талаф намешавад.Дар ҳоле,ки шароити зиндагӣ тавре шудааст,ки ҳамсоя ба ҳамсоя бепул кор намекунад.Ҳоло мафҳуми ҳашар аз байн рафтааст ва дар қонунгузории интихобот ҳам ин тарзи ҷамъоварии имзоҳо роиҷ нест.Манзур ин аст ки ҳатто ҳамин Гурӯҳҳои ташаббускор,ки агар ташкил шуда бошанд, баъид аст ки бидуни музд ва  ройгон деҳ ба деҳ бигарданд. Масалан аз Панҷакент  то Ғазаву Ворӯ ва ё аз Махшеват то дашти Сабақи Мастчоҳ ва ё аз Исфара то Чоркӯҳ хеле роҳ аст ва баъид аст ки дар як рӯз ҳам равиву ҳам имзо ҷамъовариву ҳам боз баргардӣ ва биёӣ ба қароргоҳи ҳизб,ки табъан дар маркази ноҳия аст,албатта агарки чунин қароргоҳро ҲКТ дошта бошад. Ва,нуктаи дигар  ин аст ки ҳамаи ин варқаҳоро дубора ба назди раиси шаҳру ноҳия бояд бурд, ки аз назар бигузаронад( Ба гуфтаи Сайидҷаъфар Усмонзода,раиси ҲДТ ин навигарӣ дар ҳамин интихобот ҷорӣ шудааст: “Бар асоси қоидае, ки имсол ҷорӣ шуд, раисони шаҳру ноҳияҳо бояд варақаҳои имзошудаи номзадҳоро тафтиш ва тасдиқ кунанд ва баъдан онро Комисюни марказии интихобот ва райъпурсӣ қабул мекунад”).Акнун баъди ин ҳама бояд аз навоҳӣ биёварӣ ба Душанбе ва дар як ҷаъба ва киф ҷосозӣ куниву сипас барои мутолиба ва бозрасии саҳеҳиву дурустии имзоҳо таслими КМИР кунӣ.Тамоми ин марҳала ва корҳоро ҲКТ аз рӯзи 6 сентябр то 9 сентябр ва шоядам то нимарӯзи 10 сентябр иҷро кардааст.Яъне омад аз КМИР  варақаҳо барои имзоро гирифт, бурд дастрас кард ба навоҳӣ,гурӯҳҳои ташаббускор ҷалбу ҷамъ кард,рафт ҳукуматҳои навоҳиву шаҳр имзову мӯҳри онҳоро гирифт ва баргашт барои гирдоварии имзоҳо,деҳ ба деҳу гузар ба гузар гашту 260у анд ҳазор имзо ҷамъоварӣ карду боз овард ба ҳукуматҳои навоҳӣ дод ва онҳо таъйид карданд.Ва ниҳоятан ҳамаро аз саросари кишвар оварданд ба қароргоҳи марказии ҳизб ва аз онҷо оварданд ва доданд ба КМИР.Сайидҷаъфар Усмонзода,ки мегӯяд 285.000 бештар имзо ҷамъ овардааст, хиҷил аст ки аз ҳама дер,рӯзи 9 сентябр аснодашро ба КМИРТ додааст,то имзоҳояшро бисанҷад.Аз ин бармеояд,ки ҲКТ аз ҲДТ пештар асноди имзоҳо-варақаҳоро таслими Комиссиюни Марказӣ кардааст. Фарз кардем рӯзи 8 сентябр ва ё субҳи рӯзи 9 сентябр.Акнун суол ин аст ки беш аз 260 ҳазор имзоро ҲКТ дар чанд рӯз ҷамъоварӣ кард?Ду рӯз?Яъне 7 ва 8сентябр? Ва ё се рӯз? 6,7 ва 8 сентябр? Яъне ҳар рӯз ҳудуди 90 ҳазор имзоӣ? Албатта, ин суръату ин чустиву чолокиро аҳзоби дигар ҳам зоҳир кардаанд.Масалан ҳизби демократи Тоҷикистон 285 ҳазор, сотсиалист 295 ҳазор, ислоҳоти иқтисодӣ ва кишоварзӣ ҳам на камтар аз 270.000 имзо ҷамъ овардаанд.Аммо инҳо чанд рӯзӣ фурсати бештар доштанд.Гап дар инҷост ки ҲКТ рӯзи 5уми сентябр Анҷуман доир кард ва аллакай рӯзи 11уми сентябр Комиссиюни марказии интихобот эълом кард,ки номзади ин ҳизб сабти ном шуд. Ва,ин ҳам аҷиб аст ки ҳамагӣ дар чанд соати рӯз дурустии ин имзоҳо аз ҷониби КМИРТ санҷида шудааст. Бармеояд,ки КМИРТ ҳам бо аҷала ва бо шитоб ва шоядам шабона ҳам кор кардааст,ки давоми як рӯзи 10 сентябр тамоми беш аз 260.000 имзои ҲКТро тафтишу таҳқиқ  кардаву камбуд наёфтааст. КМИР хеле сахт кор карда истодааст.Қироати ҳатто сарсарии 260.000 имзо ҳам хеле замон мебарад.Баъид аст ки як рӯз кофӣ бошад. Боз ҷаласа баргузор ва овоздиҳӣ кардаву қарор қабул ва Протокол пур мекунанд.Ҳамаи ин дар як рӯзи 10 сентябр иттифоқ афтодааст.Маълум нест аз соҳибони имзо чанд нафарашонро сӯҳбат карда дурустии имзои ӯро пурсида бошанд.

  Ҳамаи ин талошҳо ба манзури чӣ аст?Чиро бояд нишон доду исбот кард? Баргузории интихоботи борақобат ва ғалабаи шаффофи номзади сазоворро?Фикр намекунед,ки фаъолияти бо суръати лазерӣ ҳам боиси шакку шубҳа мешавад?

  Аз хелеҳо пурсидам, гуфтанд, касе барои гирифтани имзоҳо наёмадааст.Бубинед,ки ҳар имзо    дона, дона, на яклухт, яклухт ҷамъ оварда мешавад.Оё дар чунин ҳолат имкон вуҷуд дорад,ки дар ду рӯз 260.000 бештар имзо ҷамъ овард?

Тамоми талошамро кардам, бовар кунам,ки аҳзоб мустақилона, бидуни мусоидат ва росту дуруст имзо ҷамъ кардаанд ва шумо ҳам тамоми талошатонро ба харҷ диҳед ва худро водор созед,ки бале, аҳзоб ва аз ҷумла ҲКТ ин ҳама имзоҳоро ҷамъ карданд,бинед,ки мешавад ё не? Агар бовар кардед,бовар кунед,ки дар Мурғоб пахтаи маҳиннах мерӯяду захоири бузурги яху барфи Айваҷ камтар аз захоири Аляска нест.Ва агарки ба мавзӯъамон наздиктар оварем Лукашенко ва ё як нафаре дигари амсоли ӯ дарозумри сиёсӣ истеъфояшро бо майлу хоҳиши худ эълон карда бошад. Ва гӯяд,ки мардуми азизам бубахшед, ман ғалат кардам, ки ба интихобот омадам ва ё ба интихобот рафтаниам.

Чӣ олӣ мешуд, агар КМИРТ дар посух ба чунин шубҳаҳо, ҳамаи маълумотро нашр кунад, ки кадом ҳизб дар кадом ноҳия чӣ қадар имзо ҷамъоварӣ кард. Бовар доред, ки ин корро мекунанд? На. Зеро ҳаросе мавҷуд аст, ки мумкин имзоҳои ду ё се ҳизб аз як ноҳия ба маротиб бештар аз шумори аҳолии онҳо бошанд. Ё чӣ шаффофу ҳақиқӣ мебуд, агар КМИРТ номи ҳар шаҳрванд ва имзои онро, ки ба тарафдорӣ аз ин ё он номзад рӯйи коғаз гузоштааст, дар интернет нашр мекард! На. Яке садҳо нафаре пайдо мешавад, ки аслан ҳеч куҷо имзое нагузоштааст. Ё Додситонии кулл ҳамаи имзоҳоро тафтиш кунад, ки дуруст будаанд ё не? На, ин ягон ҷазои ҷиноӣ ё маъмурӣ надорад. Ба интихобкунанда гуфта мешавад, ки нодида ва носанҷида бовар кун, тамом.

Вақте ба навишта нуқта мегузоштам дар шабакаи иҷтимоӣ ин комментро дидам ва ба назарам ҷой дорад,ки инҷо иқтибос шавад:

  Muhsinjon Aliboizoda

Дар мачмуъ 1,5млн имзо. Аз кучо ин кадар имзо? Ба интихобот оё 1,5 млн нафар меравад ё не, бигзор 3млн одам дар интихобот овоз медихад ё не? 2 млн мухочир дорем пас малум мешавад дар точикистон хар як нафари сеюм имзо кардааст. Шумо дар куча пурсед аз се не аз си нафар якеяш имзо мондаги нест. Чаро ба мухочирон ичозаи имзо нест ? Овоз медиханду имзо не?

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Создайте веб-сайт на WordPress.com
Начало работы
%d такие блоггеры, как: