COVID-19 ва интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон

Вируси корона замон барои баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро як моҳ пеш овард.Ва ҳамин тавр муҳлати корзор барои ин маъракаи сиёсиро аз се ба ду моҳ кам кард. Муовини аввали раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як далели аз 6 ноябр ба 11 октябр овардани рӯзи интихоботи мазкурро ҳамин тавр тафсир кард:- коронавирус ва эҳтимоли таҳдиди “мавҷи дуввум”-и он. Аз ин бармеояд,ки вазъи беҳдоштии мардум ояндаи бисёр баде дар пеш дорад ва давлат қасд дорад қабл аз рӯ ба вахомат гароидани авзоъи беҳдоштӣ ва саломати ҷомеа хотири худро ҷамъ кунад.Бо таваҷҷӯҳ ба адами рақобат ва набуди неруи сиёсии мухолиф дар саҳнаи сиёсӣ,ҳамчунон ки гуфта шуд,кадом аҳамияте ҳам надорад, ки ин маърака як моҳ пеш ва ё пас иттифоқ меуфтад.

   Аммо агар ба ин масъала аз манзари дигар, аз ин зовия,ки ин бор коронавирус далел ва иллат барои тағйири замони баргузории як чунин маъракаи тақдирсози кишвар мешавад,назар афканем, мешавад чанд мулоҳизаеро матраҳ кард.

Мо,медонем,ки бархӯрд бо коронавирус дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёдеро ба бор овард, то ҳадде,ки ҳукумат ногузир шуд дар қонунгузорӣ дигаргунӣ ворид карда барои инъикоси он як навъ сонсур ҷорӣ кунад.

Дар оғози замони шуюъи ин вирус даъватҳои фаъолон ва ниҳодҳои ҷомеаи маданӣ,хабарнигорони мустақил  ва бархе аз коршиносон ҷиҳати вокуниши сареъ ва муносиб аз сӯи давлат пазируфта нашуд. Баракс, то охирин лаҳзаҳо,то яке, ду рӯз қабл аз ташрифи пизишкони   Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ба кишвар иттилоъ дар бораи мавҷудияти он пинҳон дошта шуд. Вале оқибат давлат ноилоҷ монду эътироф кард.Вале аллакай дер шуда буд. Чунки дар ин васат миёни давлат ва ниҳодҳову фаъолони ҷомеаи маданӣ баҳсу баррасиҳо то ба ҳадде пеш рафт,ки мардуми одӣ дарк кард ва итминон ҳосил намуд,ки давлат ва ниҳодҳои марбутаи он қодир бар рафъ ва ё муқовамат дар шароити изтирории ҳатто иҷтимоӣ нест.Давлат, бо онки пинҳон медошт,ҳамзамон дасту забону чашмаш баста ва кӯтоҳ ба назар мерасид. Аммо ҷомеаи шаҳрвандӣ якҷо бо мусибатзадагону бемордорон қурбониҳоро мегӯронд, ғизо мебурд, менавишт,интиқод мекард ва бепарвоиву лоқайдиву саҳлангории масъулин ва ниҳодро ошкор  мекард. Сомонаву маъхазҳои дастраси алтернативӣ ташкил шуд. Албатта,агар масъала ба саломати мардум ва дарди иҷтимоӣ марбут набуд, хеле барвақт забону даҳонҳо дӯхта мешуд.Вале,дандон рӯи ҷигар, дошт доданду таҳаммул карданд. Хулоса, коронавирус ҳам ба ҷони давлат зад ва ҳам заъфу аҷз ва корногарии онро нишон дод.Агар мардуми одӣ аз вируси короно зарару хисорот дид,қурбонӣ дод ва башиддат бадаш омад,вале давлат ва ҳукумат сахт мутанаффир шуд ва илоҷи ҳукми ихроҷу зиндонӣ кардани онро намеёфт.Коре кард короно,ки оппозитсияи ҳукумат натавонист анҷом диҳад.Ҳукуматро музтар ва лолу даступохӯрда кард.Ба мардум ин нуктаро яқин кард,ки ба умеди ҳукумат нашаванд,худро худ саришта кунанд.Худ дар ғаму қиссаи худ бошанд.

 Агар ки дар кишварҳои дигар ба хотири ҷилавгирӣ аз густариши вируси короно ҷамъомаду чорабиниҳои оммавӣ ба таъвиқ гузошта шуд,дар мо баракс ҳамаи барномаҳои оммавӣ аз Наврӯз гирифта то интихоботи парлумону раиси Маҷлиси миллӣ саривақт доир карда шуд.Инҷо дар бораи чандин нафар аз ширкатдорони он ҷаласа ба шумули раиси Маҷлиси намояндагон ба корона гирифтор шуданро қасдан фаромуш мекунем ва чизе намеафзоем.Вале,ҳоло ба тафовут аз тамоми дунё ва аҷобаташ ҳам дар ин аст ки ин бор ба хотири ҷилавгирӣ аз коронавирус, замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳуриамонро пеш меоварем.Ин як навъ ниқорситонӣ ва вокуниш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ аст ки ана, бубинед, ин қадар коронавирусу коронавирус гуфтеду Ковид-19 чи натиҷа ба даст овардед? Агар шумо гумон кардед, бо истифода аз короно моро “загнали ва угол” акнун бигиреду хой-хой карда гардед. Маъракаеро, ки се моҳ тӯл мекашид,мухтасар кардем.

 Инро ҳам метавон ишора кард,ки пеш овардани замони интихобот бо баҳонаи хатари эҳтимолии коронавирус як навъ эътирофи зимнии он ҳам ҳаст,ки “ҳамааш кайҳо ҳал шудааст”ва сахт муҳим нест, ки онро то се моҳ кашол диҳем. Ҳамин эътирофи зимнӣ, ки ду моҳ кофист,то маърака доир шавад, аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳама тибқи барнома дорад пеш меравад.Аммо ҳам барнома ва ҳам ин интихобот аз ҳар интихоботи раёсати ҷумҳурии гузаштаи Тоҷикистон фарқи ҷиддӣ дорад.Раҳмон вориди марҳалаи ҳафтсолаи аввали модомулумрии худ дар қудрат мешавад,агарки номзади ин корзор шуд.Агар ки Рустам номзад шуд,барномаи меросӣ кардани ҳокимият ба иҷро гузошта шуда дар Тоҷикистон як институти нав дар сохтори давлат: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ ва Пешвои миллат” ба фаъолият шурӯъ мекунад.Институти нав,ки танҳо ва мухтаси раиси ҷумҳурии феълӣ мебошад, то пиёлаву чойнаки худро аз ҳисоби бюҷети мамлакат масраф мекунад ва як ниҳоде фавқулраёсатиҷумҳурӣ хоҳад шуд.Ва ин институт танҳо ва танҳо барои як шахс аст ва он ҳам фақат вақти зинда ва зиндагиаш амал мекунад.Институте,ки бо Эмомалӣ Раҳмон оғозу анҷом меёбад.  

  Аммо на дар амалия ва на дар назарияи давлатҳои демократӣ ин гузинаҳои раҳбарӣ қобили қабул буда наметавонанд ва майдатарин ҳамхонӣ бо низоми мардумсолорӣ нахоҳанд дошт. Инро бо ному зоти худаш,усули идории монархӣ ва ё бар фарзе шарқӣ ном мениҳем,ки ҳарфест дигар.Азбаски дар Қонуни Асосии Тоҷикистон, бо вуҷуди чанд навбат дасткорӣ шудан, ҳамоно халқ ифода ва манбаи ҳокимият эътироф ва таъкид шудааст,ин ҳама барномаҳои ғайридемократӣ барои танзими тамдиди бақо дар ҳокимият бояд таҷассум,тасаввур ва манзари демократӣ дошта бошанд.Ҳаройина башара ва афту суроби онҳоро исмоилдавон бошад ҳам, боястӣ демократӣ ҷилва дод. Дар ҳамон дастгоҳу дар ҳамон парлумону дар миёни мардуми одӣ ҳам маълум аст ки ин бор ҳатто иродаи гурӯҳӣ ва ё ҳизбӣ ҳам не,иродаи хонаводаӣ бар болои таҳаммул ва тоқати манбаъ ва сарчашмаи ифодаи ҳокимият паҳлу мезанад. Аммо коронавирус ва бахусус сӯҳбатҳо аз таҳдиди эҳтимолии “мавҷи дуввум”-и он ба сарвақти ин барнома расидааст.

  Ногуфта пайдост,ки ҳар ҳарфу калом ва ҳар гапу калоча як дардисар ва як мушкиле дар маҷрои ин корзор пеш меоварад ва беҳтар ин аст ки замон барои интихобот ҳарчи кӯтоҳтар ва мухтасартар бошад.На танҳо гӯшҳо ором мегиранд, аз изтиробу ҳаяҷони интихоботии мардум ва аз безобитагиву нороҳатиҳои онҳо,ки ба таври табиӣ таборуз мекунад,низ метавон дар чунин фурсати мухтасар осонтар ва муҳкамтар ҷилавгирӣ кард.То кор ба ҳадди Белорус накашад.Албатта,ки баъид аст.Вале қудрати тӯлонӣ ва беҳадду марз дар баробари иқтидор,ҳаросу нигарониҳо ҳам дорад.

 Зеро, ин бор як интихоботи ғайримеъёрӣ,ғайримаъмулӣ ва ғайримуқаррарӣ доир мешавад. Ҳарчи камтар дар бораи он гуфта ва навишта шавад бар суди номзадҳо мебошад.Муҳокима ва арзёбии оммавии ҳарду номзад бояд ҳарчи камтар иттифоқ афтад. Вале баъид аст ва ҳатман хоҳанд пурсид,ки чаро номзади ҲХДТ ба мулоқоти мардум намеравад? Чаро саволу ҷавоб намекунад,чаро дар дебати рӯбарӯ бо ҳарифонаш(ҳатто бигзор боз Абдуҳалими Ғаффору Рустам Латифову афроде амсоли онҳо бошанд ҳам) ширкат намеварзад, чаро бо журналистон нишаст доир намекунад,гап зада наметавонад чӣ,хулоса саду як айбу иттиҳоми будаи ногуфтаро фошофош ва бидуни раъйу риоя мегӯянд. Аз ин хотир илоҷ медоштанд,баргузор ҳам намекарданд ва яке аз дуро эълон мекарданд. Агар илоҷ ва имкон буд,интихоботро пушти дарҳои баста ва зери мӯҳри комилан сиррӣ доир мекарданд,вале феълан шароит нест. Шояд ин дар интихоботи баъдӣ сурат бигирад, вале ҳоло бояд тазоҳур кард,саҳна орост,нақш офарид. Аз ин ҷиҳат ин бор коронавирус бар суди барнома ва ирода ҳоким дар кишвар шудааст,ки бисёри бисёр мехоҳад, бидуни ғай-ғай ба иҷро бирасонанд.

 Вале асари коронавирус на танҳо ба интихобот ба унвони як маъракаи муҳимми сиёсӣ,ки дастандаркори он ҳукумат мебошад,расидааст.Инро ҳам дар омади гап,арзатон бирасонам,ки коронавирус дар татбиқи бархе аз қонунҳои булаҷаб,аз ҷумла қонуни танзими расму анъана он қадар барои ҳукумат ёвару дастёр шуд,ки ниҳодҳои маошхӯру марбутаи ҳукумат тӯли ин беш аз 10 соли амали он натавонистанд,онро ба иҷро дарбиёранд.Ҳоло на маросими мотам ба он шакли пешина доир мешавад ва на тӯю хурсандӣ. Короно ва таъсири он дар тамоми рустову шаҳру маҳаллу хиёбонҳо расида аст. Тӯю мотам  хонаводаӣ ва ҳадди аксар авлодӣ мешавад. Мардум аз рафтан ба фотиҳа парҳез мекунанд,ҷанозаҳои камодам,тӯйҳои бидуни овозхон ва рақсу бозӣ ва бо садои магнитофон.Дар ҳоле,ки ин ду институти иҷтимоӣ як навъ мактаб ва омӯзишгоҳ буда ва анъана ва таомули халқӣ ва урфу расмро аз насл ба насл мунтақил мекарданд,тақрибан фаромуш шуда истодаанд. Урфу одат ва анъанаи мардумӣ институтҳои иҷтимоианд. Рамзу маънову моҳияту мазмун доранд. Нишастан дар маърака, одоби муошират, тановули ғизо, шикастани нон, дароз кардани пиёлаи чой,даст шустану пок кардан дар ҳузури омм… ҳамаи инҳо як мактабе ҳастанд, ки яку якбора аз байн мераванд.

Вале гуфтам ин ҳарфҳо дар омади гап буд.Асли гап ин аст ки ин бор коронавирус бар суди манфиатбардорони интихоботи раёсати ҷуимҳурии феълӣ кор кард.Ҳарчи сокиту зудтар доир бишавад ҳамон қадар обрӯ ва эътибор коста  намешавад.Чун дар воқеъ ҳеҷ интихоботе нест.Гули коғазиро тӯлонитар дар намоишгоҳ гузорӣ, камбудиҳояш бештар ошкор мешавад.

  Дар ҳар сурат ба назар мерасад саломат ва сиҳҳати мардум барои иштирок дар интихоби раиси ҷумҳурӣ муҳим будааст ва дар ҳеҷ ҳолат саломати мардумро қурбони курсӣ  карданӣ нестанд ва баргузории ҷашни Наврӯз дар Хуҷанд таҷриба ва сабақи омӯзанда шудааст.Аммо агар мавҷи дуюм дар роҳ аст раиси ҷумҳурии ҷадид аввалин мушкилие,ки бо он даступанҷа нарм мекунад ҳамон аст: -коронавирус

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

Создайте веб-сайт на WordPress.com
Начало работы
%d такие блоггеры, как: